Ёдат ба хайр

12 март яке аз шахсиятҳои муътабари Истаравшан, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Акмалхон Қутбиддинов дар синни 97-солагӣ аз олам даргузашт.

Акмалхон Қутбиддинов соли 1923 дар деҳаи Арғуи Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Баланд» дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1930 таҳсилро дар мактаби ноҳияи Шаҳристон оғоз намуда, пас аз хатми синфи 4-ум дар колхози «Победа» кор кардааст.

Соли 1943 ихтиёрӣ ба сафи хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, нахуст дар сафороии полки захиравии Самарқанд машқи ҳарбӣ гузаронида, сипас ба фронти II-юми Украина равон шудааст. Ҷанговари шуҷои тоҷик дар озодкунии давлатҳои Эстония, Чехословакия, Руминия саҳм гузошта, Рўзи ғалабаро дар Берлин пешвоз гирифтааст. Баъди итмоми ҶБВ баҳри мубориза бо давлати Япония хизмати ҳарбиро то соли 1951 дар Ҷумҳурии Халқии Чин идома додааст.

Соли 1953 чун коргари совхози «Фарҳод-4»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти меҳнатиро оғоз намуда, баъдан дар кӯдакистони №5-и шаҳри Истаравшан вазифаи коргузори хоҷагиро адо кардааст. Баъди ба нафақа баромадан бо талабу хоҳиши мӯйсафедони деҳаи Яккабоғ ҳамчун имомхатиби масҷиди панҷвақта хизмат кардааст. Ӯ соҳиби 2 писар, 4 духтар, 22 набера, 24 абера ва 2 чабера гардидааст.

Қутбиддинов Акмалхон узви фаъоли раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан буда, барои тарбияи маънавии насли наврас хизматҳои бедареғ мекард. Соли 2012 бо даъвати Шӯрои ветеранҳои ҷанги ИДМ ба шаҳри Москва рафта, дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 70-солагии ғалаба ширкат варзида, мавзеъҳои ҷангидаашро зиёрат кардааст. Сентябри соли 2015 барои хизматҳояш дар мубориза бо Япония аз ҷониби роҳбарияти Ҷумњурии Мардумии Чин қадр шудааст. Дигар хизматҳои ҷангиаш низ бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.

Ҷанговари матин Акмалхон Қутбиддинов дар ҳаёт инсони хоксор, самимӣ дилёбу меҳрубон буд. Ёди неки ӯ дар дили хурду калони шаҳри Истаравшан боқӣ хоҳад монд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*