ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР ҚАБУЛИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲР

ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР ҚАБУЛИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲР

4 марти соли равон ҳайати омӯзгорон ва 20 нафар ғолибони даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода қабул намуд.
Зимни мулоқот сараввал ба кулли омӯзгорон ва падару модароне, ки фарзандонашон дар олимпиада ширкат варзиданд, аз номи роҳбарияти шаҳри Истаравшан изҳори миннатдорӣ баён гардида, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд зиёд кардани сафи иштирокчиёни олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ба хонандагон ва масъулини соҳаи маорифи шаҳр дастуру тавсияҳо дода шуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд низ ҳамаи ғолибони озмунҳои болозикр аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадршиносӣ ва ҳавасманд карда хоҳанд шуд. Дар фарҷоми мулоқот хонандагон ва омӯзгорон барои натиҷаҳои бадастовардаашон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр қадршиносӣ гардиданд.
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*