ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Санаи 05.05.2020 дар шаҳри Истаравшан қадрдонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони ақибгоҳи ҷанг  бахшида ба 75 солагии таҷлили Иди Ғалаба баргузор гардид, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат тӯҳфа ба ҳар яке онҳо 6000 сомонӣ тақдим карда шуд.Дар маросим намоянда аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Атҳам Мамурзода, Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода , намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд,  Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримзода Мирзоқосим ва масъулон  иштирок доштаанд.
Бояд қайд намуд, ки ба иштирокчиёни ҷанг тӯҳфаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба маблағи 4000 сомонӣ, Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.Хотиррасон бояд кард, ки аз тарафи  Раиси вилоятамон ба собиқадорони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 ба ҳар яке онҳо 2000 сомонӣ,1000 сомонӣ аз Раиси шаҳр ва бо  тӯҳфаҳои хотиравӣ низ тақдим  карда шуд.
Ид муборак ҳамдиёрони азиз!!!

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*