ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
3 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
Нахуст бо сабаби расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ ва баромадан ба нафақа Очилбеков Ҳайдарбек аз вазифаи мудири бахши нақлиёт, саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Сабуров Бобоҷон аз вазифаи сардори шӯъбаи сохтмони асосӣ озод ва ботантана гусел карда шуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба эшон барои меҳнати пуршараф ва содиқонаву софдилона дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуда, таъкид бар он дошт, ки минбаъд низ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр саҳми худро мегузоранд. Ҳамзамон барои хизматҳои шоён Очилбеков Ҳайдарбек ва Сабуров Бобоҷон бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии андоз, сафарбаркунии навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷиноятҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон, ҷалби мутахассисони кордону болаёқат ба вазифаҳои хизмати давлатӣ, бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои мухталифи шаҳр, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб махсусан сӯиқасд ба ҷони худ, майл намудани ҷавонон ба фарҳанги бегона, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, назорати болоравии нарх дар бозорҳо, кишти зироатҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, пешгирии тамбашавии роҳҳо ва масъалаҳои дигар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Доир ба масъалаҳои болозикр раиси шаҳри Истаравшан аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои баёнгардида ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда вазифагузориҳои мушаххас намуд.
Ҳамзамон роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, бахши фарҳанг, маориф, ҷавонон ва занон вобаста ба ташкили чорабиниҳои тантанавӣ бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба муваззаф гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*