ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ОМОДА ВА МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТАНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДОИР ГАРДИД

Субҳи 23 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва бо иштироки муовинони раиси шаҳр ва масъулини соҳа ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омода ва мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ доир гардид.

Тибқи нақша дар доираи ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор додани як қатор иншоот, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, таълимию маъмурӣ дар назар дошта шудааст.
Аз ин лиҳоз, бинобар мусоид омадани обу ҳаво барои вусъати корҳо дар назди масъулин вазифаҳо ва муҳлатҳои мушаххас гузошта шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*