ҶДММ «Ноҳид»-и шаҳри Истаравшан

Маълумот

оид ба корхонаи саноатии

ҶДММ «Ноҳид»-и шаҳри Истаравшан

 

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ноҳид” ширкати саноатӣ истеҳсоли махсулотҳои трикотаҷӣ буда, соли 1997 дар шаҳри Истаравшан аз тарафи соҳибкори муваффақи маҳаллӣ Фозилов Мумин ташкил шудааст.

Дар аввали ташкилшавӣ дар ширкат ҳамагӣ 6 нафар коргар кор ва фаъолият мекарданд. Ҳоло корхона, яке аз корхонахои саноатии пешқадами истехсолӣ дар худуди Ҷумҳурии Точикистон мубаддал гашта, айни ҳол дар корхона зиёда за 50 нафар коргарон кор ва фаъолият доранд.

Корхонаи мазкур бо таҷҳизотҳои пешқадами истеҳсоли Олмон, Чин ва Чехия муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо корҳои дӯзандаги, бофандагӣ ва рангубор машщул мебошад.

Корхона коркарди пурраи риштаи пахтагинро дошта, бо истеҳсол ва дӯхти либосҳои мардона, бачагона ва занона аз қабили тагпӯши мардона, майка, футболкаҳои бачагона машщул буда, маҳсулотҳо 100% аз пахтаи табии истеҳсол карда мешавад.

Бояд кайд намуд, ки ашёи хоми истифодашаванда пурра аз дохили кишвар харидори карда шуда,  дар худи корхона коркард карда мешавад.

Иктидори истехсоли корхона дар як сол зиёда аз 100 хазор дона мебошад.

Дар маркази шаҳр мащозаи фурӯши маҳсулотҳои корхона ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза фаъолият дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона дар нимсолаи якуми соли 2020 ба маблащи 987,1 ҳазор сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблащи 396,4 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин, ки 167,1 фоизро дар бар мегирад.

Асосан маҳсулоти коргоҳ ба содирот нигаронидашуда, бо давлатҳои Россия ва Белорусия шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба маблаги 379.3 хазор сомонӣ маҳсулоти таӣёр содирот намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 170.2 ҳазор сомони зиёд маҳсулот содирот намудааст.

Дар соли 2018 бахшида ба арафаи тантанаҳои таҷлили ҷашни «Ваҳдати Миллӣ» аз тарафи ҶДММ «Ноҳид» ва ташкилоти ҷамъияти фонди рушди ҷомеъа бо якҷоягӣ марказӣ рушди маъюбон дар бинои марказӣ хизматрасонии «Фаровон» коргоҳи нави дӯзандагӣ ба роҳ монда шуд, ки бо 45 ҷойи нави корӣ зиёда аз 25 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуда буд ва ҳоло фаъолият дорад.

Чи тавре, ки ба хамагон маълум аст соли 2020 нисбат ба солхои дигар мушкил ба миён омад.

Сабаби асосии он дар чахон пахншавии бемории сироятии COVID-19 мебошад. Роҳбари корхона иқдом гирифт, ки барои пешгирии ин бемори истехсоли никобро ба роҳ монда, зиёда аз 85 хазор дона никобҳо истехсол намудааст, ки аз ин ба беморхонаи марказии шахри Истаравшан ба микдори 2000 дона никоби яккарата барои пешгирии ин беморӣ ва ба маблаги 3000 сомони ҳамчун кӯмаки хайрияви дастрас намудааст.

Роҳбарияти корхонаи мазкур ба мушкилихои ба миён омада нигоҳ накарда, тибқи риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ фаъолияти корхонаро ба роҳ монда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд намуда истодааст ва нишондиҳандаҳои иктисодии он, гуфтаҳои болоиро тасдиқ менамояд.

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*