25-солагии ҲХДТ

Дар толори “Фарҳангсарои ориёӣ” таҳти унвони “25 соли пуршарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мизи мудаввар бо иштироки намояндагони МИҲД-шаҳр, раёсатҳои маориф ва тандурустӣ, омӯзгорон, аҳли адаб ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ М. Абдуваҳҳобова, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Ф. Мӯъминова, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҷ. Ҷамшед, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” дар Истаравшан Б.Шарипов, раиси бахши истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Р. Зоирдухт, директори маркази дарёфти истеъдодҳо Ф. Умаров, вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан Ҳ. Раҳимов, омӯзгори Коллеҷи тиббӣ С. Ғафуров, табиб Собит Ҳоҷиев ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми таърихи 25-солааш чун як нерўи сиёсии бунёдкору созанда фаъолияти босамар намудааст. Маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равандҳои демократикунонӣ дар ҷомеа равнақи тоза гирифта, зина ба зина амалӣ гардида истодаанд. Ҳимояи Ватан, манфиатҳои тамоми мардуми ҷумҳурӣ, пешрафти фарҳанг, забон ва бақои анъанаҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҳизб буда, он барои мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ хизмат мекунад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*