75-солагӣ муборак!

Духтури дараҷаи олӣ Абдуҷалил Машарипов аз соли 1974, баъди хатми Донишгоҳи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯ Алӣ ибни Сино бо ин касби пуршараф фаъолият мебарад. Бо ташаббуси ӯ дар шаҳри Истаравшан шӯъбаи ҷарроҳии бачагона кушода шуда солҳои тӯлонӣ ин шӯъбаро роҳбар буд. Имрӯз синни ин табиби ҳозиқ ба 75 расида бошад ҳам, ҳамчун устод маслиҳатгари табибон – ҷарроҳони бачагонаи ҷавон мебошад.
Ба муносибати ҷашни мавлуди ӯ дар шӯрои собиқадорони шаҳр ҷамъомад барпо гардида дар он раиси шӯро Абдуваҳҳоб Қаюмов табрикномаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода ва тӯҳфа супорида ба ӯ саломатӣ ва комёбиҳоро таманно намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*