ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА ШАҲРВАНД МАЪРИФАТ КАМОЛОВА ХОНАИ ДУҲУҶРАГӢ ҲАДЯ ГАРДИД

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба шаҳрванд Маърифат Камолова калиди хонаи дуҳуҷрагиро тақдим намуд.

Мавсуф тайи чанд соли охир бо оилааш иҷоранишин буда, соҳиби ду фарзанд мебошад ва тайи чанд соли охир барои таъмин гардидан бо манзили истиқоматии доимӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат менамуд.

Мавриди зикр аст, ки як соли охир бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҳар моҳ маблағи иҷораи хонаи мувақаттии Маърифат Камолова аз ҳисоби фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дода мешуд.

Ҳамакнун, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша орзуи деринаи оилаи мазкур амалӣ гардида, дар арафаи соли нав соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*