ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

Субҳи 17 феврали соли равон дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузор гардид.

Имруз сокинони шаҳру деҳот доир ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмакҳои молиявӣ, ҳалли баҳси замин, расонидани кӯмак барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, баромадан ба нафақа, гирифтани табобати ройгон ва ғайра муроҷиат намуданд.

Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси шаҳри Истаравшан муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*