ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

22 январи соли 2024 дар асоси Қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 20 ноябри соли 2023, №577 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур аз ҷониби 7 нафар довталабон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардида, зимни баррасии ҳуҷҷатҳо 4 нафар довталабон ба даври дуввум роҳ ёфтанд ва аз санҷиши пешакӣ бомуваффақият гузашта, дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд.

Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз ҷониби ҳайати Комиссияи озмун ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд.

Тибқи тартибот натиҷаи озмун пас аз 3 рӯзи баргузории он эълон карда мешавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*