ТАҶЛИЛИ 35-УМИН СОЛГАРДИ САНАИ ТАЪРИХИИ БАРОМАДАНИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ СОБИҚ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ АЗ МАРЗИ ҶУМҲУРИИ АФҒОНИСТОН ДАР ШАҲР

Ба муносибати 35-умин солгарди санаи таърихии баромадани Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Ҷумҳурии Афғонистон субҳи 14 феврали соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, Раиси Иттифоқи ҷанговарони байналмиллал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ дар шаҳр, полковники амният Мирзо Олимов, аъзоёни Иттифоқи ҷанговарони байналмиллал ва сохти конститутсионӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорон, ҷавонону наврасон ва фаъолон ширкат варзиданд.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар суханронии хеш аҳли нишаст ва кулли сокинони сарбаланди Истаравшани бостониро ба муносибати 35-умин солгарди санаи таърихии баромадани Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Ҷумҳурии Афғонистон табрику таҳният намуда, ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, хотирҷамъӣ ва ба ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуд.

Сипас Раиси Иттифоқи ҷанговарони байналмиллал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ дар шаҳр, полковники амният Мирзо Олимов паёми шодбошии Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашни таърихиро ба самъи ҳозирин расонида, сокинони шарафманди Истаравшани бостониро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфт.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷанговарони байналмиллал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ дар шаҳр бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Истаравшан 35-умин солгарди санаи таърихии баромадани Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Ҷумҳурии Афғонистон бо барномаҳои рангини аҳли фарҳанги шаҳр ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*