ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” субҳи 12 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузор гардид.

Дар ин руз аз ҷониби сокинон 2 муроҷиати дастаҷамъона ва 40 муроҷиатҳо доир ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмакҳои молиявӣ, ҳалли баҳси замин, хоҷагиҳои деҳқонӣ, расонидани кӯмак барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, бунгоҳи тиббӣ, арзи шикоятҳо доир ба шахсони дахлдор, баҳси оилавӣ ва баромадан ба нафақа қабул карда шуд.

Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси шаҳри Истаравшан муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*