Шиносоии и.в. раиси шаҳр бо лоиҳаи ангоравии қасри фарҳанг ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Санаи 26 ноябри соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан ба муассисаи давлатии “Хонаи таълим ва истироҳат” ташриф оварда, бо лоиҳаи ангоравии қасри фарҳанг ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ шинос шуд.

Тибқи нақша дар ҳудуди муассисаи мазкур бунёди қасри фарҳанг, боғи фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи нахустин шоҳи давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ пешбини гардида, лоиҳаи ангоравии он аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” таҳия шудааст.
Зимни шиносоӣ бо мавзеи мазкур ва лоиҳаи ангоравӣ тавсия гардид, ки лоиҳаҳо бо назардошти унсурҳои миллӣ такмил дода шуда, ҳамзамон соҳилмустаҳкамкунӣ ва кабудизоркунии соҳили сойи Зарринруд, ки аз шафати мавзеи мазкур мегузарад, ба инобат гирифта шавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*