АФСОНАҲОИ ЗИНДА – ДАР БАЙНИ МО

Дар солҳои ҶБВ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 300.000 нафар ба фронт сафарбар шуда, 90.000 онҳо дар майдонҳои муҳориба қаҳрамонона ҳалок шуданд. Қисме аз онҳо пирӯзмандона ба Ватан баргашта дар барқарорсозии хоҷагии халқи мамлакат саҳм гузоштаанд.

Аз шаҳри Истаравшан ба ҶБВ зиёда аз 25000 нафар иштирок кардаанд. Айни ҳол 4 нафари онҳо дар қайди ҳаётанд. Инҳо Сулаймон Аюбов, Мирзоназар Маманазаров, Раҷаб Набиев ва Ҳайитбой Ҳакимов мебошанд.

Ин 4 нафар барои насли имрӯз афсонаи зинда ва намунаи беҳтарини садоқату ватандорӣ ва далериву устуворӣ мебошанд.

Мо, насли имрӯз, қаҳрамониҳои падарону бобоёни худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем ва ба онҳо сари таъзим фуруд меорем!!!

Шавкат Ҳасанов

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*