АЁДАТИ ОИЛАИ КАМБИЗОАТ ВА ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР АРАФАИ ИДИ РАМАЗОН

АЁДАТИ ОИЛАИ КАМБИЗОАТ ВА ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР АРАФАИ ИДИ РАМАЗОН

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи иди Рамазон санаи 10 майи соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо мақсади аёдат ба манзили оилаи камбизоат Муллоҷонова Зумрад, ки санаи 8 майи соли равон зимни қабули муроҷиати шаҳрвандон ба раиси шаҳр оид ба расонидани кумаки моддӣ ва аробачаи маъюбӣ муроҷиат намуда буд, ташриф овард.

Раиси шаҳри Истаравшан бо вазъи зисту зиндагонӣ ва саломатии аҳли хонаводаи номбурда аз наздик шинос гардида, ба фарзанди хонадон як адад аробачаи маъюбӣ ва маводҳои озуқаворӣ тақдим намуд.
Сипас дар доираи нақшаи корӣ раиси шаҳри Истаравшан ба аёдати ҷавони имконияташ маҳдуд, шоираи ширинкалом Бухадирова Сайёра рафта, аз аҳволи ӯ хабар гирифт.
Зимни суҳбат мавсуф аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии худ сухан гуфта, шеърҳо ва мақолаҳои тоза эҷоди худро манзур намуд.
Қайд гардид, ки ҷавонони маъюб шахси яккаву танҳо набуда, онҳо зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳр қарор доранд ва пайваста ба ҳаёту фаъолияти онҳо ғамхории махсус зоҳир карда мешавад.
Аёдатшудагон аз дастгириву ғамҳориҳои доимии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва шукуфоии кишвар дуои нек намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*