Оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

11 майи соли 2021 дар Қасри варзиши маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо ва варзишгарон маросими оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Чуноне таъкид карда шуд, мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил гардида, ҳадаф аз роҳандозии иқдом тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни варзишгарон маҳсуб меёбад.

Бозиҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, гӯштини тарзи озод, бокс, гӯштини камарбандӣ, велосипедронӣ, баскетбол, гӯштини юнонӣ- румӣ, камонварӣ, варзиши сабук, дзюдо, самбо, шиноварӣ, вазнбардорӣ, каратэ-до, пойгаи равон, шоҳмот, футбол, тенниси рӯи миз сурат гирифта, масъули ташкилу баргузории мусобиқот Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аст. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳо ва қадршиносии дастаҳои иштироккунанда беш аз 420 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд то 26 май идома меёбанд ва иштироки дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳо дар назар дошта шудааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*