БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ БО БАХШИ ХУСУСӢ

27 декабри соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маросими баимзорасонии Созишномаи шарикии давлат бо бахши хусусӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “Мабдаи нур” оид ба “Азнавсозии маркази гармидиҳии муассисаи таҳсилоти миенаи умумии №2-и шаҳри Истаравшан” доир гардид.

Нахуст, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ Кароматулло Маҳмудов ва роҳбарияти ҶДММ “Мабдаи нур” Хуршед Ҳошимов мулоқот анҷом дода, амалишавии лоиҳаро иқдоми нек арзебӣ намуд.

Сипас, дар ҳузури намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи шарикии давлат бо бахши хусусӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Азнавсозии маркази гармидиҳии муассисаи таҳсилоти миенаи умумии №2-и шаҳри Истаравшан”-ро раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ва директори ҶДММ “Мабдаи нур” Хуршед Ҳошимов имзо карда, ҷонибҳо ҷиҳати ҳарчи зудтар ва босифат амалӣ гардидани иқдом ба мувофиқа расиданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*