ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ РАИСИ ШАҲР БА ДИДОРБИНИИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РАФТ

27 декабри соли ҷорӣ дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба арҷгузорӣ ба заҳматҳои собиқадорон дар арафаи соли нав раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба дидорбинии собиқадорони хизмати давлатӣ рафт.

Аз ҷумла, дар ин рӯз раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Абдуваҳоб Қаюмов, собиқ роҳбари шаҳр Фотима Шарипова, вакили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯлҷабой Обидов ва собиқ раиси ҷамоати деҳоти “Гули сурх” Саломат Додоева аедат карда шуда, ба онҳо салому паеми солинавӣ расонида шуд.

Пирони рӯзгордида дар навбати хеш аз сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ шукргузорӣ намуда, заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди босуботи кишвар махсус таъкид намуданд ва барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дасти дуо кушоданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*