БАРРАСИИ ҲОЛАТҲОИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ВА ПЕШГИРӢ ДАР САМТИ ТАҚСИМОТИ ЗАМИН

БАРРАСИИ ҲОЛАТҲОИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ВА ПЕШГИРӢ ДАР САМТИ ТАҚСИМОТИ ЗАМИН
22 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки ёрдамчии Прокурори шаҳр, муовини якуми раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарон ва масъулини идораи замин, кишоварзӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва дигар шахсони марбута ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа пешниҳодҳои мақомоти прокуратураи шаҳр вобаста ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар самти тақсимоти замин, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии дахлдор ва ниҳодҳои давлатии марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳои ҳаммонанд ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зимни баргузории ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ба оқибатҳои қонунвайронкунӣ дар самти замин нигаронида шуда, ба ҳозирин бори дигар талаботу меъёрҳои қонунгузорӣ дар ин самт фаҳмонида дода шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*