Бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои шаҳру деҳоти Истаравшан ва маҳсули меҳнати ҳунармандон баргузор гардид

Дар майдони «Парчам»-и ҶТ дар шаҳри Истаравшан бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои шаҳру деҳоти Истаравшан ва маҳсули меҳнати ҳунармандон баргузор гардид. Дар намоиш меваву сабзавоти деҳқонон, нонҳои фатири тӯҳфагӣ, тӯёна ва ғайра, асалу наботи гуногун, қаннодиҳо, маҳсулоти ширкати истеҳсолкунандаи зарфҳои тунукагини «Муад», пойафзоли бачагона, мардона ва занонаи ширкати «Нигин», сехи истеҳсоли либосҳои «Қодирзода Раҳмонхон», фирмаи либоси таги бачагона ва мардонаи «Ноҳид», ширкати истеҳсоли бозичаҳои бачагона ва зарфҳои платмасии «Автошина» ва «Сифат-2017», ва ширкати «Авангард» – истеҳсолкунандаи равғанҳои муҳаррики нақлиёт, дастовардҳои Литсейи касбӣ-техникии шаҳр ва Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намуди дастранҷи ҳунармандон пешкаши меҳмонон гардида, баҳои баланд гирифт.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*