“БА ДОНИШ БУВАД ҶОНУ ДИЛРО ФУРӮҒ”

Табрики  иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода ба  муносибати “Рӯзи дониш”

Дониш яке аз рукнҳои асосии зиндагии пурсаодати инсонҳост, аз ин рӯ ба он адибону мутафаккирони машҳури мо муносибати ҷиддӣ доштанд. Маликушшуаро Рӯдакӣ донишро чароғи равшани дилу  ҷавшани бадиҳо, Фирдавсии бузург доноро тавонову соҳибобрӯ, Носири Хисрав камоли одамиву сабаби некиро аз илм   донистаанд. Асадии Тӯсӣ мефармояд:

На сер ояд аз ганҷу дониш касе,

        На кам гардад, ар з-ӯ бибахшӣ басе.

      Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?

      Киро ганҷи дониш бувад, подшост!

Рӯзи аввали тирамоҳи заррин, ки дар аксари кишварҳои   ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони офтобиву биҳиштӣ оғози соли таҳсили нав аст, ба  устодону шогирдон шодию фараҳи беандоза меорад. Мактабҳо ҳазорон-ҳазор булбулони боғи донишро бо оғӯши гарму меҳрбор пешвоз мегиранд. Устодон дар даст  бӯру китоб  падарвору модарвор фарзандони дилбанди миллатро илму адаб меомӯзанд ва кафили   роҳи сафеди ояндаи онҳо мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи  афзалиятнок дониста, таъкид мекунад, ки «Мардуми маърифатпарвар ва фарҳангдӯсти мо хуб дарк кардаанд, ки рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ танҳо бо роҳи рушди соҳаи маориф амалӣ мегардад.»

 Раванди ҷаҳонишавӣ ва омилҳои бешумори гаравиши насли ҷавон ба гурӯҳҳою равияҳои террористиву экстремистӣ  кормандони соҳаи маорифро водор месозад, ки дар таълим аз имконоти мавҷуда истифода бурда, масъулияту ҷиддияти бештар бар дӯш гиранд. Мутмаинем, ки  омӯзгорон барои  дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шинохту пос доштани арзишҳои  миллӣ тарбия кардани фарзандони кишвар вазифаи пурмашаққати хешро софдилона   иҷро мекунанд.

  Кулли омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯёни коллеҷҳои шаҳрро бо Рӯзи дониш таҳният гуфта, барояшон дар  омӯзишу андӯхти илм комгориву пешрафт хоҳонам. Рӯзи дониш муборакатон бод, ҳамдиёрони киромӣ!  

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*