БА 116 НАФАР ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲР ЛИБОСҲОИ ЗИМИСТОНА ВА ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ ҲАДЯ ГАРДИД

Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, оростани дастурхони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Дар пайравӣ ба ин иқдомҳо субҳи 29 декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҳамроҳ бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зуҳуров Абдуазиз Ҳомидович ба муассисаи давлатии Мактаб-интернати шаҳр ташриф оварда, бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният намуданд.

Зимни сӯҳбат бо кӯдакону наврасон ва кормандони ин муассиса раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зикр дошт, ки маҳз сиëсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷӯҳи доимӣ қарор доранд.

Дар идомаи суханронии хеш раиси шаҳр махсусан таъкид дошт, ки бошандагони мактаб-интернати мазкур танҳо нестанд ва давлату ҳукумат парастори доимии онҳо мебошанд. Ҳамзамон тарбиятгирандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуда, зикр дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳунаромӯзӣ, таҳсили хонандагон ва зиндагии мустақилонаи онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зуҳуров Абдуазиз Ҳомидович низ суханронӣ намуда, паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Соли нави мелодиро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, тарбиятгирандагони муассисаи мазкур бо пешниҳоди барномаи рангини идона, шеъру сурудҳо дар васфи Тоҷикистони азиз ироа намуда, сипосу миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайваста баён намуданд.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ба 116 нафар тарбиягирандагони мактаб – интернат тӯҳфаҳои идона аз қабили либосҳои зимистона, роҳхат ба истироҳатгоҳи кӯдакона ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим ва баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона густурда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*