АЁДАТИ КӮДАКОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ ОИЛА ВА КӮДАКИ “ФАРЗАНДИ ВАТАН”

Бо мақсади аёдати кӯдакон дар арафаи Соли нави мелодӣ имруз 29 декабри соли равон дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҳамроҳ бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зуҳуров Абдуазиз Ҳомидович ба Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” – и шаҳр ташриф оварданд.

Зимни аёдати тарбиятгирандагони Муассисаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар гардида, иброз дошт, ки имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат баҳри зиндагии шоиста ва ба таври зарурӣ гирифтани таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Бояд зикр дошт, ки дар муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак”-и шаҳри Истаравшан кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумат баҳри ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва беҳтар намудани кори таълиму тарбия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зуҳуров Абдуазиз Ҳомидович суханронӣ намуда, аз номи Раиси вилояти Суғд кӯдаконро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ шодбош гуфт.

Кӯдакон бо самимияти хоса ва хушнудӣ дар васфи Тоҷикистони азиз, Пешвои миллат, Ватан ва модар шеъру таронаҳо қироат намуда, барномаи рангини идона пешниҳод намуданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода тарбиятгирандагони муассисаи мазкурро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд ва баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона ороста шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*