Боздиди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 ноябри соли 2020, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр, аз ҷумла Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, бинои сохтмонаш нотамоми муассисаи томактабӣ, ҷараёни сохтмони бинои иловагӣ барои 240 хонанда дар МТМУ №15 воқеъ дар деҳаи Сӯфи Ориф ва МТМУ №46 воқеъ дар деҳоти Пошкент, ки барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, аз наздик шинос шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*