БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан​ Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан чароғон карда мешавад.​

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд, ки варзишгоҳ​ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таъмиру таҷдид соли 2014 ба истифода дода шуда буд. Варзишгоҳ барои 18 ҳазор ҷойи нишаст бунёд шуда, имрўз ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ табдил ёфтааст.

Бояд зикр кард, ки ​ соли равон дастаи футболи «Истаравшан» ​ дар Лигаи олӣ баромад менамояд ва​ бозиҳои даста маҳз дар ҳамин варзишгоҳ доир мегардад.

Бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгў ​намудани варзишгоҳ дар майдони он сабзаи табиӣ истифода хоҳад шуд.

Ҷиҳати бартараф кардани баъзе камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ шаҳр ва соҳибкорон таъмир ва чароғонкунии варзишгоҳ низ ба роҳ монда шуда,​ барои​ ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ шудани иншооти варзишӣ​ ва дар майдони табиӣ ташкил намудани футбол чораандешӣ карда мешавад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз рушди футбол дар мамлакат барои татбиқи лоиҳа ва дастгирии клуби футболи «Истаравшан» тавсияҳо дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*