ДАР ДЕҲОТИ САБРИСТОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН 1 МИЛЛИОН БЕХ НИҲОЛ ПАРВАРИШ КАРДА МЕШАВАД

3 январ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан 1540 ​ хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, дар пешрафти соҳаи кишоварзии шаҳр саҳми босазо гузошта истодаанд. ​

Айни ҳол дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан парваришу нигоҳубин карда мешаванд. ​

Дар хоҷагии деҳқонии «Анўшервон», ки яке аз калонтарин хоҷагиҳо дар ҷамоат ба ҳисоб меравад, ​ зиёда аз 400 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда парвариш карда мешавад.

Хоҷагии мазкур на танҳо хоҷагиҳои шаҳри Истаравшан, балки хоҷагиҳои ​ вилояту ҷумҳуриро низ бо ниҳоли аълосифат таъмин менамояд.

Соли равон хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат ният доранд 5 гектар боғи нав ва 18 гектар боғу токзори кўҳнаро барқарор намоянд.

Раиси вилоят зимни суҳбат барои истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар ниҳолпарварӣ, азхудкунии заминҳо, бунёди боғҳои нав, истифодаи самараноки замин супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*