БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ СОХТМОНИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ ВА БОҒИ ФАРҲАНГИВУ ФАРОҒАТИИ “ИСМОИЛИ СОМОНӢ”

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як қатор иншооти гуногун идома дошта, сокинони меҳнатқарини шаҳр барои таҷлили шоистаи ҷашнҳои милливу давлатӣ омодагӣ доранд.

Раиси вилоят аснои сафар корҳои сохтмонии​ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.​ Лоиҳаи боғ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ “Кохи сафед”-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳр дар масоҳати наздик 3 га бунёд карда хоҳад шуд.

Бо мақсади рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва баҳри боз ҳам ободу зебо намудани шаҳри Истаравшан бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон сохтмони қасри фарҳанги шаҳр низ идома дорад.​ Корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг борои 1000 ҷойи нишаст дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд идома дошта, зимни шиносоӣ бо рафти корҳо барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дода шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*