СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ МАЪРУФ АЪЗАМОВ АЁДАТ КАРДА ШУД.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 3 январи соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан чун анъана ба аёдати пирони рӯзгор рафт.

Раиси вилоят аз ҳоли собиқадори меҳнат Маъруф Аъзамов хабар гирифта, ба мавсуф саломативу хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд. Аснои суҳбат бо Маъруф Аъзамов қайд карда шуд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадорон хабар гирифта, ба онҳо кӯмак мерасонад. Таъкид гардид, ки кору пайкори насли куҳансол барои тарбияи ҷавонон мактаби бузург буда, фаъолиятҳои назаррас ва фидокориҳои пирони кор баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шоистаи пайравӣ мебошад.

Собиқадори меҳнат Маъруф Аъзамов 78 сола буда, дар ҳалқаи фарзандону​ наберагонаш зиндагӣ дорад. Ӯ зиёда аз 50 сол дар муассисаи давлатии «Селхозтехника» ба сифати муҳандис фаъолият​ бурдааст ва меҳнатҳояш​ ҳамеша​ қадр мешавад.

Мавсуф аз ташрифи Роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ карда, барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён дошт.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*