БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ НАВИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲР

Субҳи 15 августи соли 2023 раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳр боздид намуд.

Бояд тазаккур дод, ки собиқ бинои мактаб-интернат соли 1957 сохта шуда, аз сабаби фарсуда шудан ва ба талабот ҷовобгӯ набудан, аз нав соли 2010 таъмиру таҷдид карда шуд ва айни ҳол бошад, бинобар фарсуда шудан бинои наву замонавии ба талаботи замон ҷовобгӯ бинёд гашта истодааст.

Тибқи иттилои директори мактаб-интернат Соҳиба Иномова, дар сурати анҷом ёфтани сохтмони бинои мазкур, муассиса метавонад зиёда аз 150 нафар кӯдакону наврасонро ба таълим фаро гирад.

Бинои мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии як қатор соҳибкорони маҳаллӣ бунед гардида, тасмим гирифта шуд, ки дар шафати бинои нав боз як толори варзишӣ бунед карда шавад.

Зимни боздид раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба масъулин бобати дар муҳлати муайянгардида ва босифат ба анҷом расонидани сохтмони бинои наву замонавии мактаб-интернат дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*