МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲР БАРГУЗОР ГАРДИД

17 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Зокирзода Раҳмат, кормандони раёсати маорифи шаҳр, собиқадорони соҳа, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону толибилмони фаъол машварати августии соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар машварат нахуст фаъолияти соли таҳсили 2022-2023 мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифта, аз дастовардҳои соҳа ёдоварӣ карда шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра дастовардҳои самти маориф назаррас буда, хонандагон дар олимпиадаҳо соҳиби 24 мақоми намоён гаштанд. Инчунин, довталабони фаъол аз шаҳри Истаравшан дар 6 олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, 31 ҷойи аввал, 26 ҷойи дуюм ва 24 мақоми сеюмро касб кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар ибтидои моҳи августи соли равон хонандаи синфи 10-и Гимназияи №5 дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Парижи Фаронса иштирок намуда, аз фанни физика сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид. Инчунин, дар Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Teeneagle” аз фанни забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он шаҳри Истаравшанро 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии гимназияҳои №1 ва №5 муаррифӣ намуда, мақомҳои сеюм ва ифтихориро касб намуданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суханронии хеш дар машварати августии соҳаи маорифи шаҳр вобаста ба масоили сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактабу коллеҷҳо, санҷишу такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, мониторинги сифати таҳсилот, дохилшавии хонандагон ба коллеҷҳову макотибҳои олии кишвар ва ғайра ибрози андеша карда, илова намуд, ки рушду нумӯи соҳаи маориф, дастгирии омӯзгорони ҷавону кордон, таъмин намудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зери таваҷҷуҳи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қарор дорад.

Дар идома намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Зокирзода Раҳмат низ суханронӣ намуда, дастовардҳои маорифчиёни шаҳри Истаравшанро хуб арзёбӣ кард ва инчунин роҷеъ ба камбудиву норасогиҳои мавҷуда изҳори назар кард.

Ҳамзамон дар кори машварат собиқадорони соҳа баромад карда, таклифу пешниҳодҳои хешро манзур доштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан як қатор собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгороне, ки натиҷаи хуби корӣ нишон додаанд қадрдонӣ карда шуданд. Илова бар ин омӯзгор Азимов Азиз барои хизматҳои назаррас ва саҳми муносиб гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.

Машварати августии соҳаи маорифи шаҳр бо барномаи рангину идонаи таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо руҳияи болидаи аҳли нишаст ҷамъбаст гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Асосӣ

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*