БОЗДИД АЗ ЗАХИРАИ ТУХМИИ КАРТОШКА ВА ҲОСИЛИ ПИЁЗ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр зимни сафар ба деҳоти “Чорбоғ” ба хоҷагиҳои деҳқонии “Малоҳат”, “Нуруллобобо” ва “Усмонота” ташриф оварда, аз вазъи захираи тухмии картошка шинос шуд. Мавриди тазаккур аст, ки майдони умумии ҳудуди деҳот 10800 га буда, 3509.2 га замини корам мебошад. Иҷроиши кишти такрорӣ дар ҳудуди деҳот 125 фоиз таъмин гардида, картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии хоҷагидорони ҷамоати деҳоти “Чорбоғ” маҳсуб меёбад ва саҳми кишоварзони деҳоти мазкур барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан картошка назаррас аст.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*