ҚАБУЛИ САЙЁРИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ “ЧОРБОҒ”

      Дар доираи сафари иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба деҳоти “Чорбоғ” дар бинои маъмурии ҷамоат қабули сайёри шаҳрвандон доир шуд. Муроҷиаткунандагон асосан вобаста ба масъалаи замин, таъсиси хоҷагии деҳқонӣ, бунёди муассисаи таълимӣ ва дигар масъалаҳо арз карда, ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.
    Инчунин, дар анҷоми сафар ба деҳоти “Чорбоғ” бо фаъолон суҳбат доир карда шуда, масъалаҳои дахлдор мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
        

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*