БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТ ВА РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МТМУ √39 – и ШАҲР

БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТ ВА РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МТМУ √39 – и ШАҲР
Дар доираи нақшаи корӣ вобаста ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 майи соли равон намояндаи Ҳукумати ҶТ – раиси Суди конститутсионии ҶТ Ашурзода Абдулҳафиз ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз фаъолият ва раванди таълим дар МТМУ √39 боздид ба амал оварданд.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, айни замон дар муассисаи мазкур 864 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, 60 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба аз он 44 нафар занону бонувон ба кор ҷалб карда шудаанд. Бо сабаби дар ҳолати ногувор қарор доштани ошхонаи муассиса бо дастгирии ассотсиатсияи падарону модарон аз моҳи январи соли равон корҳои азнавсозӣ дар ошхонаи муассисаи таълимӣ оғоз гардида, ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо тарҳи нав ва фарогирии 60 ҷои нишаст ба истифода дода шуд.
Зимни боздид намояндаи Ҳукумати ҶТ – раиси Суди конститутсионии ҶТ Ашурзода Абдулҳафиз ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур мулоқоти самимӣ анҷом дода, бо дастовардҳои илмиву ҳунарии онҳо аз наздик шинос гардиданд. Ҳамзамон фаъолон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*