Вохуриҳо оиди пешгирии бемориҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, нақша – чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба пешгирии вируси “Covid-19”,  амри Раиси шаҳр Истаравшан №12 аз 28 январи соли 2020 дар бораи таъсис додани “Ситоди шаҳрии доимамалкунанда оид ба пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси навъи COVID – 19 дар шаҳр”-ро  ба тасвиб расонида, як қатор корҳоро ба сомон расонид.    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, нақша – чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба пешгирии вируси “Covid-19”,  амри Раиси шаҳр Истаравшан №12 аз 28 январи соли 2020 дар бораи таъсис додани “Ситоди шаҳрии доимамалкунанда оид ба пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси навъи COVID – 19 дар шаҳр”-ро  ба тасвиб расонида, як қатор корҳоро ба сомон расонид.     Бояд қайд намуд, ки то инҷониб дар кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва ташиклоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ пайваста мулоқоту вохӯриҳо бо ташкили гурӯҳи корӣ баргузор гашта истодаанд.  Аз ҷумла санаи 21 апрели соли ҷорӣ бо иштироки намояндаи шуъбаи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар вилояти Суғд Қурбонов Абдураҳим ва намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Истаравшан Аюбзода Ҷ, бахши фарҳанг Холов А, раёсати маорифи шаҳр Салимов Н, сардори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр Сайфиддинова Ш, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дастгохи Раиси шахр Султонова М ва имомхатиби масҷиди марказии шаҳр Тӯраев А дар раёсати маорифи шаҳр, бахши фарҳанг, ҷамоатҳои деҳоти Чорбоғ, Пошкент, коллеҷи тиббӣ, МТМУ-ҳои  №20, 21, 61 ва муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусӣ – русӣ бо иштироки 800 нафар  шунавандагон мулоқоту вохӯриҳо баргузор карда шуд. Дар мулоқот оид ба масъалаҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус, таъмини амнияти озуқаворӣ, муътадил нигоҳ доштани нарху наво дар бозор ва нуқтаҳои савдо ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ бурда шуданд.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корбариро дар ин самт боз хам пурзўр намуда истодааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*