Мулоқот дар Ҷ.Д. “Зарҳалол”

Дар МТМУ №22 Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” мулоқоти намояндагони МИҲД-и шаҳр бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса доир шуд.
Муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода доир ба роҳҳои пешгирӣ аз «коронавирус» зикр намуд, ки ин вирус тамоми ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст ва новобаста аз синну сол метавонад ба ҳама таҳдид кунад. Бинобар ин аз хонандагон даъват ба амал оварда шуд, ки эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои табибонро доир ба гигиенаи шахсӣ ҳамарўза риоя намоянд.
Ҳамчунин дар мулоқот намояндагони МИҲД-шаҳр Султонова Маҳварбону, Ҳотамов Аскар, Сайфиддинова Шоиста ва Иброҳимов Баҳодур баромад карда оиди оғози кишти баҳорӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ суханронӣ намуданд.
Дар озир ба иштирокчиён варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*