ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ДОИРАИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад.
Аз ҷумла дар ҷамоатҳои деҳоти “Ҷавкандак” ва “Қалъаи баланд” низ соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳот дар пайравӣ аз ин иқдом ташаббусҳои тозаро рӯи кор оварда, ба бунёди марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишию фарҳангӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ саҳм гирифта истодаанд.
Чунончӣ, бо дастгирии сокинони деҳаи Қалъачаи Бакавул китобхонаи деҳа аз нав бунёд гардида, дар арафаи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар деҳаи Ҷавкандак бошад бародарони соҳибкор чойхона, мағоза ва нуқтаи шустушӯи нақлиётро бунёд карда, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат намудаанд.
Дар деҳаи Арғу бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми сокинони деҳа хонаи саломатӣ бунёд гардида, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, бо сокинони деҳаҳо суҳбат ороста, инчунин аз фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва соҳаи маорифи ҷамоатҳои деҳоти болозикр шинос шуда, барои бартараф кардани камбудиҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*