Дар бораи ташкил ва гузаронидани “Иди асал”

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Сущд

Раиси шаҳри Истаравшан

ҚАРОР

аз «24»    июл   соли 2018               №298                           шаҳри Истаравшан

                       Дар бораи ташкил ва гузаронидани Иди асал

        Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва дар асоси Қарори Раиси вилояти Сущд аз 20.06.19, №305 бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва муаррифии маҳсулоти худӣ, ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Дар даҳрӯзаи аввали моҳи августи соли 2019 дар шаҳр Иди асал гузаронида шавад.
  2. Ҳайати кумитаи тадорукот таъсис ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2)
  3. Масъулини соҳа ва ҳайати кумитаи тадорукот барои дар сатҳи баланд, бо номгӯй ва ҳаҷми зиёди маҳсулот гузаронидани чорабинии шаҳрӣ, ҳавасманд гардонидани иштирокчиён ва барои иштироки фаъолона дар Иди асал дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  4. Раёсати кишоварзӣ, бозори марказӣ, Ҷамъияти матлубот, Ассотсиатсияи занбӯрпарварони шаҳр, ҶСК «Орзу» ва ҷамоатҳои деҳот барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Иди асал тадбирҳои мушаххас андешанд.
  5. Раёсати фарҳанги шаҳр барномаҳои ҷолибро доир ба ташкил ва гузаронидани Иди асал омода ва пешниҳод намояд.
  6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр А. Қодирӣ вогузор карда шавад.

 

И.в.  Раиси шаҳр                        Амирхон  Қурбонзода

 

Замимаи 1

бо Қарори Раиси шаҳр

аз «24»  июл соли 2019, №298

тасдиқ карда шудааст

Ҳайати

кумитаи тадорукоти баргузории Иди асал

  1. Абдусаттор Қодирӣ – муовини якуми Раиси шаҳр, Раиси кумитаи тадорукот;
  2. Тоҳирҷон Абдувоҳидов – Сардори Раёсати кишоварзӣ, муовини Раиси кумитаи тадорукот;
  3. Ёқубҷон Ашӯров – муовини сардори Раёсати кишоварзӣ, котиби тадорукот;

Аъзо:

  1. Ҳайдар Бӯстонов – сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ;
  2. Усмон Додобоев – сардори Кумитаи бехатарии озуқавории шаҳр;
  3. Камол Абдуллоев – Раиси Ҷамъияти иттифоқи  матлуботи                         шаҳр;
  4. Мурод Сангинов – директории бозори марказӣ;
  5. Алиҷон Набиев – Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи комплекси агросаноатӣ;
  6. Файзулло Ашрапов – директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал.

 

Замимаи 2

бо Қарори Раиси шаҳр

    аз «24»  июл  соли 2019, №298

тасдиқ карда шудааст

Нақшаи

чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории

Иди асал

Номгӯи чорабиниҳо Мӯҳлати иҷро Шахсони масъул
1 Таҳияи тартиби баргузории (сенарияи) Иди асал то 1 август Абдувоҳидов Т,

Бобоев Ф

2 Пешниҳоди лоиҳаи ороиши ҷойи баргузории Иди асал то рӯзи баргузорӣ Абдувоҳидов Т,

Бобоев Ф

3 Гузаронидани корҳои ободонӣ дар ҷойи баргузории чорабинӣ то рӯзи баргузорӣ Абдувоҳидов Т,

Солизода Ё

4 Омода намудани сипоснома то рӯзи баргузорӣ Абдувоҳидов Т,

Бобоев Ф

5 Тибқи тартиби муқарраршуда оро додани хаймаҳо дар ҷои муайяншуда 1 рӯз пеш аз баргузории  чорабинӣ Абдувоҳидов Т,

Раисони ҷамоатҳои деҳот

6 Тартиб додани рӯйхати иштирокчиён ва даъвати онҳо то рӯзи баргузорӣ Абдувоҳидов Т,

Раисони ҷамоатҳои деҳот

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*