Дар Истаравшан бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо ба истифода дода шуд.

19 январ дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳр бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази савдо дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Фирдавс Абдураҳимов бунёд гардида, аз 46 ҳуҷраҳои истиқоматӣ иборат аст. Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Меъмор-М» таҳия шуда, корҳои сохтмониро сохтмончиёни ҶДММ “Ободкор-2014” ба иҷро расонидаанд. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ чор миллиону сесаду ҳабдаҳ ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Дар маркази савдо ва хизматрасоние, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, 9 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Раиси вилоят пас аз ифтитоҳи бинои мазкур бо лоиҳаҳои иншооти дар хиёбони марказӣ – хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ бунёдшаванда шинос гардида, барои такмили лоиҳаҳо тавсияҳо дод. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид карда, барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти дастии ҳунармандон ба масъулин супоришҳо дод.
     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*