ДАР СОЛИ 2024 ПАНҶ ҶОИЗАИ РАИСИ ШАҲР ДАР СОҲАИ МАОРИФ СУПОРИДА ШУДА, СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲР 20% АФЗУД ва ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНҲО ИЛОВАТАН ҲАВАСМАНД ГАРДОНИДА МЕШАВАНД

Дар пайравӣ ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба тасвиб расиданд.

Чунончӣ, соли 2024 дар асоси баррасӣ ва пешниҳоди комиссияи дахлдор ба 5 нафар омӯзгорони шаҳри Истаравшан 5 Ҷоизаи Раиси шаҳр дар соҳаи маориф супорида мешавад. Ҳар як Ҷоиза баробари 10,000 сомонӣ буда, дар ин самт 50,000 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҷоизаи мазкур соли 2022 таъсис ефта, дар ду сол як маротиба супорида мешавад.

Инчунин, тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Истаравшан соли 2024 ҳаҷми стипендияи раиси шаҳр 20% афзун гардида, ба 1,200 сомонӣ баробар карда шуд ва соли ҷорӣ ба 50 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миенаи умумӣ ва 15 нафар донишҷуени омузишгоҳи касбии техникӣ ва коллеҷҳои тиббию ҳунарҳои мардумӣ, ҷамъ 65 нафар хонандагону донишҷуен стипендияи раиси шаҳри Истаравшан супорида мешавад. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 78,000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, дар соли 2024 низ ба ғайр аз ҳавасмандгардонии молиявии даври шаҳрӣ, инчунин иловатан ба ғолибони даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявӣ маблағҳо пешбинӣ карда шуданд. Аз ҷумла, барои ҷойи якум 5,000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3,000 сомонӣ, ҷойи сеюм 2,000 сомонӣ ва ба ҳар омузгоре, ки шогирдонро то даври ниҳоӣ омода мекунанд, 1,000 сомонӣ маблағ тақдим карда мешавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*