ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

Субҳи 3 феврали соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузор гардид.

Дар ин рӯз 43 нафар сокинонисокинон доир ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмакҳои молиявӣ, ҳалли баҳси оилавӣ, сохтмони иншоотҳои гуногун, вобаста ба номгузорӣ, мусоидат ҷиҳати таъмин шудан бо оби полезӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.

Зимни гуфтугӯ бо шаҳрвандон раиси шаҳри Истаравшан муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ҳалли саривақтии онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд ёдовар шуд, ки қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ҳар ҳафта рӯзи шанбе ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*