ДАСТИ КӮМАКИ МАРДУМИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА СОКИНОНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

ДАСТИ КӮМАКИ МАРДУМИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА СОКИНОНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

12 майи соли ҷорӣ дар доираи ташаббуси сокинони вилояти Суғд ва тибқи супориши Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сокинони ҳимматбаланди шаҳри Истаравшан низ барои расонидани кӯмаки сарвақтӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки дар натиҷаи омадани сел ва боришоти зиёд хисороти молӣ диданд, дасти ёрӣ дароз намуданд.

Бо дастгирии соҳибкорон ва саховатмандони шаҳри Истаравшан маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, гречка, макарон, катошка, пиёз, обҳои ташнашикан, инчунин ашёҳои рӯзғор, курпаву болин, қолин, сару либосҳои гунугон ва дигар ашёҳои зарурӣ ҷамъоварӣ карда, тавассути корвони кумакҳои мардумии вилояти Суғд, ки зиёда аз 15 нақлиёт иборат аст, ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ирсол намуданд.
Бо чунин иқдом кулли мардуми вилояти Суғд омодагии хешро барои дастгирии сокинони осебдидаи вилояти Хатлон изҳор намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*