Иди модарон

И

Имрӯз бо иштироки садҳо нафар занону духтарони фаъоли шаҳру деҳоти Истаравшан дар Қасри фарҳанг бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода зимни суханронии худ кулли занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик гуфта, зикр намуд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар фармудаанд: “Модар гаҳвораву оламро ба ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.

Дар ҳақиқат, Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан – модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист-, таъкид намуд Амирхон Қурбонзода.

Муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода табрикоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати рӯзи модар қироат намуда таъкид намуд, ки саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми занон ва ҷалби бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишварамон маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба нақши баланди онҳо мебошад.
Аз номи Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Истаравшан ба якқатор собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо дақдим карда шуд

Барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан бо барномаи ҷолиби консертӣ чорабиниро боз ҳам рангинтар намуданд

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*