Идомаи корҳои омодасозӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Истаравшан

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои шаҳри Истаравшан дастрас намудани таҷҳизоти муосири ташхис пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад дар заминаи дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Истаравшан барои қабул ва насби таҷҳизоти мазкур бозсозӣ гардида, дар мӯҳлати муқарраршуда омода мегардад. Ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва истифодаи масолеҳи баландсифат аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан супоришҳои мушаххас дода шуд. Мавриди тазаккур аст, ки баъди насби таҷҳизот маркази ташхисӣ барои шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои атрофи он хизмат расонида, барои саривақт мушаххас кардани бемориҳо, аз ҷумла COVID-19 мусоидат менамояд

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*