Боздиди и.в. раиси шаҳр аз рафти яхобмонии хоҷагиҳои деҳқонӣ

Санаи 8 декабри соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз иншооти обтақсимкунӣ, ҷараёни кофтани чоҳи амудӣ, инчунин аз рафти яхобмонии хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан дидан намуда, оид ба самаранок ва оқилона истифодабарии об ва обёрӣ намудани ҳамаи боғу токзорҳо дар мавсими яхобмонӣ тавсияҳои зарурӣ дод. Ҳамзамон аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии Анушервони деҳоти Сабристон, ки бо парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишию сояафкан машғул мебошад, боздид намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мавсими ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ҳамасола моҳи феврал шурӯъ гардида, алҳол тибқи иттилои раёсати кишоварзии шаҳр дар хочагиҳои деҳконӣ зиёда аз 1 млн бех ниҳолҳо барои шинонидан омода мебошанд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*