Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан

25 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба Беморхонаи марказии шаҳр ташриф оварда, бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи барҳаво ва хонаи омӯзгорон мебошад, ки барои 176 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Бинои нави таълимӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Коллеҷи тиббии шаҳр ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонии бинои мазкур моҳи сентябри соли 2020 оғоз ёфта, моҳи январи соли 2021 ба итмом расонида шуд. Дар бинои навбунёд хонандагон метавонанд, барномаҳои таълимиро бо истифодаи васеъ ва имкониятҳои мавҷуда аз худ намоянд.
Зимни шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамшуда иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи бинои иловагиро ба онҳо таҳният намуд ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки чунин шароитро барои донишомӯзӣ босамар истифода баранд.
Бояд ёдовар шуд, ки айни замон дар шаҳри Истаравшан ҷараёни бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодааст.
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*