Ҷаласаи навбатии шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

      Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷаласаи навбатии шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ, Қобилҷон Усмонов, аъзоёни шӯро ва намояндаҳои ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.
    Дар кори ҷаласа се масъала, аз ҷумла масъалаи ташкилӣ, ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2020 ва тасдиқи нақша чорабиниҳо ва ҳайати нави аъзоёни Шӯро барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бинобар ба кори дигар гузаштани Амирхон Қурбонзода собиқ раиси шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, бо ҷонибдории аъзоёни Шӯро Маъмурзода Адҳам Маъмур раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан интихоб гардид.
    Дар рафти маҷлис аъзоёни Шӯро аз ҷумла, Бахтиёр Насруллоев, Олимов Мирзо, Раънои Зоирдухт, Бобоев Акбар бобати беҳтар намудани фаъолияти Шӯро суханронӣ ва пешниҳодҳо намуданд. Инчунин ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ даъват ба амал оварда шуд.
      Дар охир ғолибони озмуни Беҳтарин ташкилоти ибтидоии шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*