Ифтитоҳи ду хати нави технологияи истеҳсолӣ дар ҶСП “Оби Зулол” дар шаҳри Истаравшан

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Оби Зулол”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд тазаккур дод, ки хати муосири технологӣ дар ин корхонаи пуриқтидори истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидааст, ки ин технологияи муосир дар Осиёи Марказӣ беназир аст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Оби Зулол” 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ фаъолият карда, бо маоши баланд таъмин мебошанд.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Оби Зулол” соли 2000-ум таъсис ёфта, марҳила ба марҳила иқтидори истеҳсолӣ зиёд мегардад.

То ин дам дар корхонаи саноатӣ чор хати технологӣ мавҷуд буд ва боз ду хати нави истеҳсолӣ ба кор доромад ва дар самти афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифат, хусусан ғизои кӯдакона қадами устувор гузошта шуд.

Корхона фаъолияти худро бо истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани газдор ва бегази брендҳои “RC” ва “Оби Зулол” дар зарфҳои 0,33, 0,5, 1,0 ва 1,5 литра шурӯъ кардааст. Иқтидори истеҳсолии ин хатҳои технологӣ дар як соат аз 14 то 20 ҳазор литр ва солона бошад, 82,8 миллион литр нӯшокии ташнашикани газдор ва бегазро ташкил медиҳад.

Тавлидоти афшура ва шарбат аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла зардолу, биҳӣ, олуча, себ, анор, нок, шафтолу, олу, гулчини меваҳо дар қуттии 1-литра анҷом дода мешавад ва иқтидори истеҳсолӣ дар як соат 5 ҳазор қуттӣ мебошад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*