Аёдати кӯдакони Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон”!!!

Аёдати кӯдакони Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон”!!!

      Имруз бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон” муовини Раиси шаҳри Истаравшан, Раиси комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди МИҲД – и шаҳр Наимҷонзода Нигора барои аёдати кӯдакон ба Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” ташриф оварданд.

    Нахуст муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора кӯдакони азизро бо рӯзи идашон табрику таҳният намуда, баъдан тӯҳфаи Раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Амирхон Қурбонзодаро тақдим намуданд.

     Мавриди зикр аст, ки кӯдакону наврасон ояндаи ҳаёти инсонӣ, амалҳои накӯи башарият, сарвати бебаҳои ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта, ғамхорӣ ба кӯдакони маъюб ва ятиму бепарастор, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад.
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон муборак бошад!!!

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*