ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “АЗИЗОН” ДАР МАҲАЛЛАИ “ВАҲДАТ”

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “АЗИЗОН” ДАР МАҲАЛЛАИ “ВАҲДАТ”

Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи “Ваҳдат”- и шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз иншооти ҷашнӣ – маркази хизматрасонии “Азизон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ба иттилоъи масъулин иншооти навбунёд аз панҷ ошёна иборат буда, таҳхона бо шароити мусоид барои истироҳати кормандон, ошёнаи якум ошхона бо тарҳи миллӣ ва муосир ва ошёнаҳои дигари бино барои толори ҳусн ва духтани сару либоси мардонаву занона, ҷувздонҳои зебову замонавӣ барои толибилмон, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон аст, пешбинӣ гардидааст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона ва толори ҳусн таҷҳизотҳои муосир, ки аз хориҷа дастрас карда шуда, насб гардидааст, сифати баланди маҳсулот ва хизматрасониро таъмин менамояд.
Иншооти ҷашнӣ, дар масоҳати 1300 метри мураббаъ, бо харҷи 1миллиону 100 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Саидисоев Саидилҳомхон ва Саидисоев Саидискандархон бунёд гардида, пас аз ба истифода додани он наздики 80 нафар сокинони бешуғл бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Зимни ифтитоҳ зикр гардид, ки бо баробари ба фаъолият пардохтани чунин марказҳои хизматрасонӣ симои шаҳру деҳот тағир ёфта, ҷиҳати бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии оилаи онҳо мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*